Рӯзҳои охир сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони буҳтонсозиҳои ашхоси ғаразнок табдил гаштааст. Ҳамаи ҷойҳоро аз ҳангомасозиҳои марбут ба бозгашти Шарофиддин Гадоев пур сохтаанд. Дигар мавзӯи ҷолиби диққат гӯё барои ин ҷанобон намондааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ин ҷавон дар зери роҳбарӣ ва сарпарастии бевоситаи шахсони номаълуми хориҷӣ ва хусусан дар зери роҳбарии раиси Паймони зиддимиллӣ нисбат ба миллат ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои бӯҳтономезу дурӯғинро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет пахш менамуд. Ҳамчунин, дар кишварҳои Аврупо яке аз саркардагони ҳамоишҳои сохтаю пулакӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳоло бошад, ин ҷавон аз замони баргаштанаш дар раванди авфи умум қарор дорад. Воқеоти дар рӯзҳои охир ба амаломада нишон медиҳанд, ки ашхоси муғризи воқеъ дар хориҷи кишвар ин масъаларо хеле амиқ пайгирӣ намуда, ҳангомаҳои бардурӯғ нашр мекунанд, ки дар натиҷа дар фазои байналмилалӣ имиҷи давлат ва миллати тоҷиконро зери суол мебаранд. Дар ҳоле ки ин масъала ба он ҳама воҳимаҳо ва сару садоҳои таҳдидомез ба унвони кишвари Тоҷикистон мувофиқ нест. Ин масъала бояд дар ҳудуди бардошти ин, ки як нафари қаблан ҷинояткор таслим шудааст ва бояд мувофиқи қонунгузорӣ ба кирдори хеш ҷавоб гӯяд хотима ёбад. Вале мутаассифона ашхосе ҳастанд, ки аз ин лаҳзаҳо суистифодаи мекунанд. Гадоев Шарофиддин бо хоҳиши худ таслим шудааст ва аз равади дар он қарор доштааш розӣ аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро бахшида, ҳамчунин ҷиҳати бедордилии дигар ҷавонони гумроҳкардашуда дар талоши шабонарӯзӣ қарор дорад. Албатта, роҳбарони собиқаш зидди иқдоми Шарофиддин Гадоев баромадаанд. Роҳбарони собиқи ин ҷавон як гурӯҳ хоинони дар хориҷ воқеъбуда ҳастанд, ки шабу рӯз тамоми ҷанбаҳои хабариро алайҳи миллат ва давлати тоҷикон истифода мекунанд. Гадоев Шарофиддин аз рӯзи ба ватан баргаштан чандин маротиба аз маконҳои гуногуни мамлакат наворҳои даъватӣ намуд. Вале онҳо тамоми васоилро зидди нишондодҳои навории худи Гадоев ба кор мегиранд. Ин буҳтонсозон наворҳоро дурӯғ унвон кардаанд. Онҳо мехоҳанд, ки Шарофиддин рафта дар наздашон воқеаро нақл кунад. Охир Шарофиддин ҳамчун сайёҳ ба ин ҷо наомадааст. Вай ба унвони як ҷинояткори таслимшаванда худро ба Тоҷикистон расонидааст. Як гурӯҳ дурӯғсозони дигар дар шабакаҳои мегӯянд, ки гӯё Шарофиддин дар маҳкама ҳасту пулис ӯро ба ҷиканҷагоҳҳо интиқол додаанд, ки дурӯғ аст.
Аз тарафи дигар, ин масъала ҷиҳати таъсиррасонӣ ба назми муносибатҳои стратегии Тоҷикистон бо дигар мамолик, аз ҷумла Аврупо хеле кӯчак арзёбӣ мегардад. Ин ҳама воҳимаҳо чаро. Илова бар он дар фазои муносибатҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳо оромӣ мушоҳида мешавад. Ин аст, ки чунин гурӯҳҳои нанги миллат шуморидашаванда ҳақ надоранд, ки дар зери сояи афкори харобиовари роҳбарони номаълуми худ ба мо интихоби алтернативаи шарики стратегӣ бо кишварҳои хориҷиро талқин намоянд. Онҳо тавозуни худро гум намудаистодаанд, ҳарчанд, ки инро ба давлати мо ихтисос медиҳанд барои худ вонамуд намесозанд.
Акрамов Рустам. сокини ш. Душанбе